Вазири корҳои дохилӣ аз марказҳои савдо ва бозорҳои пойтахт дидан кард

Дирӯз Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз марказҳои савдо ва бозорҳо, аз ҷумла аз марказҳои савдои Фурӯшгоҳи Марказӣ (ЦУМ), «Пойтахт — 90» ва «Рӯдакӣ — Плаза», воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дидан намуд.
Тавре аз маркази матбуоти ин ниҳод иттилоъ доданд, Рамазон Раҳимзода зимни боздид аз шароити корӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии марказҳои савдо пурсон шуда, ҳамчунин бо фурӯшандагон ва харидорон оид ба нархи маҳсулоташон ҳамсуҳбат гардид. Савдогарону шаҳрвандон аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар дар самти вазъи мӯътадили нархҳо, тинҷию оромӣ ва ғамхорию таваҷҷуҳ нисбат ба некӯаҳволии мардум изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни корбарӣ ва риояи тартиботи ҷорӣ дар баъзе аз марказҳои савдо баъзе камбудиҳо мушоҳида гардиданд, ки онҳо аз ҷониби масъулини соҳа сари вақт бартараф карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: