«Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон яке аз масоили ҳассос аст ва махсусан баъд аз он, ки он ҷо ҳамватани мову шумо қурбон шудааст», — омадааст дар изҳороти Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид. Дар изҳорот ҳамчунин омадааст:
«Бародароне, ки маълумоти муфассал надоранд ба эҳсосоти хунгармона дода нашуда, бояд дарк намоянд, ки вакилони мардумии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ хомўш набудаанд ва ҳамагуна воқеаву рўйдодро, ки манфиатҳои миллат, давлат ва кишвари Тоҷикистонро дар бар мегиранд пайгирӣ менамояд.
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар баробари Комиссияи ҳукуматӣ чанд рўз аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Шамсиддинзода Мавзуна дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва дар паҳлуи мардуми Исфара масъаларо пайгирӣ менамоянд».
АМИТ «Ховар»