Интишори резаҳикояи нависандаи тоҷик миёни зиёда аз 50 нависандаи дунё дар Германия

Дар Германия бо ташаббуси адибон ва ноширон Алида Бремер ва Майкл Крюгер китоби баргузидаи резаҳикояҳои нависандагони зиёда аз 50 давлати дунё дар шакли чопӣ ва электронӣ таҳти унвони «Нурҳои бобарор» ба забони немисӣ интишор ёфт, ки дар он резаҳикояи нависандаи тоҷик низ ҷо шудааст.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба китоб собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Германия  доктор Фрэнк Валтер Штайнмайер (ҳоло Президенти ин кишвар) сарсухан навиштааст.
Дар зумраи навиштаҳои адибони кишварҳои гуногун Тоҷикистонро бо резаҳикояи нависанда Абдуғаффори Абдуҷаббор бо номи «Падар ва фарзандони ў» муаррифӣ кардаанд.
Ба зикри манбаъ, китоби мазкур минбаъд ба забонҳои дигари аврупоӣ низ тарҷума ва чоп мешавад.

АМИТ "ХОВАР"