Муҳаммадиқбол Тошов, варзишгари навраси тоҷик аз ноҳияи Мастчоҳ дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо, ки дар Қазоқистон баргузор гардид, соҳиби медали тилло гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, мусобиқаи мазкур 9-11 март баргузор гардида, Муҳаммадиқбол Тошов дар вазни 50 кг бо мағлуб намудани ҳарифонаш аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Литва ва Эстония ба даври финалӣ роҳ ёфт.
Дар даври финалӣ варзишгари ҷавони тоҷик ба рақибаш аз Федератсияи Россия дастболо шуд ва медали тиллои мусобиқаро соҳиб гашт.
АМИТ «Ховар»