4 октябр бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи забони давлатӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии президентӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе нахустин ҳамоиши ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун сарвати бебаҳои миллат ва давлат» баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода изҳор намуд, ки ҳамоиши мазкур бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат ба хотири дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, қавигардонии дӯстии ҷавонони минтақаҳо, ба ин восита пайдо намудани истеъдодҳо ва рушд додани онҳо доир гардида, аз иқдомоти арзанда дар роҳи муаррифии ҷавонону наврасони донишманд, муҳассилини болаёқати муассисаҳои таълимии кишварамон арзёбӣ мегардад.
«Ҳамоиши «Саҳми Пешвои миллат дар ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун сарвати бебаҳои миллат ва давлат» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муносибат ва ғамхорӣ нисбат ба забони тоҷикӣ, ҳифзи асолату гиромидошту тозагии ин рукни муқаддаси давлатӣ сабаб гардид, ки имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун далели арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ эътироф гардидааст»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Дар ҳамоиш беш аз 300 нафар хонандагони фаъол ва донишҷӯёне, ки дар озмуну олимпиадаҳои мухталифи фаннӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ҷойҳои намоёнро соҳиб шудаанд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиш муроҷиатномаи ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қабул гардида, сипас аз ҷониби ҷавонон ва наврасони фаъоли шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АМИТ «Ховар»