Аз 28 майи соли равон дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди футболи хурд байни собиқадорон ва ҷавонони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар таҳти шиори «Варзиш барои ҷомеаи солим» мусобиқаи варзишӣ идома дорад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар бозиҳои футболи байни дастаҳои собиқадорон 8 даста иштирок намуда, он дар се давр баргузор шуд. Ба даври нимниҳоӣ 4 даста баромада, бо ҳам барои ба даст овардани ғолибият рақобат намуданд.
20 август даври ниҳоии мусобиқаи дастаҳои собиқадорон барои ишғоли ҷойи аввал доир гардида, дар он дастаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳам бозӣ намуданд.
Рақобату ҳунарнамоӣ ва фаъолии бозингарони дастаҳо ба мухлисон ва ҳаводорони футбол писанд омад. Қувваҳои бозингарони дастаҳо баробар буда, то нимаи дуюми бозӣ ҳисоб 1:1 буд. Танҳо дар дақиқаҳои охири бозӣ бозингарони дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як тӯби дигар зада, бо ҳисоби 2:1 пешсаф гардиданд.
Мусобиқаи байни дастаҳои собиқадорон ҷамъбаст гардида, дар он дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мақоми аввал, дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҷойи дуюм ва дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонон идома доранд.