Маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба анҷом расид

Маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ ба поён расид.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, зикр карданд, ки маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ  баргузор гардид. Кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ беҳтаринҳоро барои адои хизмат дар сафи артиш интихоб намуданд.

Гуфта мешавад, ки шумораи ҷавонони синни даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои мусаллаҳ хеле зиёд буд ва ин имкон дод, ки аз байни онҳо танҳо ҷавонони солиму бардам ва болаёқат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

Бояд гуфт, ки таъмини сулҳу субот дар кишвар, шароити хуби хизмативу маишӣ ва таълимӣ дар қисмҳои низомӣ таваҷҷуҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбиро бештар карда, сол аз сол сафи ихтиёриён ва онҳое, ки баъди гирифтани аввалин даъватнома ба комиссияи давлатии даъват ҳозир мешаванд, зиёд мегардад.

АМИТ "Ховар"