Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Барномаи амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2022» ва «Барномаи таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020»-ро тасдиқ намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ин бора қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расиданд.
Тибқи ин қарорҳо, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки ҳар сол то 20 декабр ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе то 5 январи ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ гардидани барномаҳои мазкур гузориш пешниҳод намоянд.
АМИТ "Ховар"