Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Қароргоҳи ҳукуматии Ала-Арчаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок карданд. Инчунин дар ин ҳамоиш Сарвазири Молдова Павел Филип, муовини якуми Сарвазири Туркманистон Бяшиммурод Хоҷамамедов, Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ва сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Ҷумҳурии Қирғизистон Николай Дорошенко ширкат варзиданд.

Роҳбарони кишварҳо, нахуст рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳоро, ки масъалаҳои марбут ба ҳамгироии сиёсӣ, таъмини амнияту субот дар қаламрави Иттиҳод ва ҳамкориҳои гуманитариро фарогир буд дар нишасти доираи маҳдуд мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар оғози суханронии хеш дар ҷаласаи маҳдуди ҳайатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар вобаста ба марги бармаҳали Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов изҳори ҳамдардию тасаллияти амиқи хешро ба мардуми дӯсти ӯзбек расонданд.

Пеш аз оғози кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ дар ҳайати васеъ ба хотири гиромидошти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид. 

Зимни суханронии худ дар нишасти ҳайатҳои васеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввал ба ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон барои раёсат дар Иттиҳод ва ташкили кори бонизоми ҷаласаи ҷашнии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор доштанд, ки дар чоряк асри гузашта ИДМ нақши боризи худро дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии давлатҳои аъзо гузошта ҳамгироии манфиатбори байнидавлатиро дар ҳама соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи ҷавобгӯ ба талабот нигоҳ доштааст.

Дар ҷаласаи навбатии Сарони кишварҳои узви ИДМ масъалаҳои мутобиқсозии Иттиҳод ба шароити имрӯзи ҷаҳони муосир, тақвияти ҳамгироии минтақавии давлатҳои аъзои Иттиҳод дар соҳаҳои гуногун, таъмини амнияту субот ва мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ баррасӣ шуда вобаста ба 25-солагии таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳороти муштараки роҳбарони ҳайатҳо қабул гардид.

Бояд гуфт, ки дар ҷаласа сарони кишварҳои Иттиҳод дар муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои умумии байнидавлатӣ доир ба иҷрои минбаъдаи масъалаҳои рӯзномаи корӣ мавқеи худро муайян намуда барои муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таъмини амният дар қаламрави Иттиҳод, коҳиши таъсири омилҳои номатлуб ба иқтисодиёти давлатҳо ва дигар масъалаҳои мубрам омодагию ҳавасманадии хешро таъкид намуданд.

Ҳамин тавр, баъди анҷоми раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Шӯрои давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2017 -  ум раёсат ба ҷониби Федератсияи Русия гузашт ва ҳамраъисии он бошад, ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.