Кишоварзони Ҳисор дар 2500 гектар пунбадона кишт менамоянд

Деҳқонони  шаҳри Ҳисор тасмим гирифтаанд, ки соли равон  бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ва имкониятҳои мавҷудаи аграрӣ дар 2500 гектар пунбадона  кишт  намоянд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо кормандон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз вазъи корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дидан намуда, ба маъракаи кишти пунбадона дар чанд хоҷагӣ оғоз бахшид.

Мавсуф ҳамчунин бо вазъи сабзиши пунбадонаи кишташуда, парвариши сабзавот дар гармхонаҳо, кишт ва сабзиши пиёзу картошка, маърифати истифодаи замин дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос  шуда, бо  кишоварзон мулоқот ва суҳбати судманд намуд.

Зимни суҳбат бо деҳқонону кишоварзони шаҳр Ш. Ҷумъазода таъкид намуд, ки аз ҳоло бояд барои истеҳсоли маҳсулот ва баланд намудани маҳсулнокӣ эътибори махсус зоҳир ва ҳар қитъаи замин самаранок истифода гардад. Масъулони соҳаи кишоварзӣ  вазифадор гардиданд, ки аз ҳоло нақшаи кишти такрориро омода намуда, махсусан ба истеҳсоли сабзавот ва зироати лӯбиёгӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Ҳоло дар тамоми хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор  бо истифода аз рӯзҳои гарму офтобӣ кишти баҳории сабзавот ва дигар навъҳои зироат босуръат идома дошта, деҳқонону кишоварзон азм доранд, ки бо рӯёнидани ҳосили фаровони сабзавоту зироат ва меваҷот дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, хусусан бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи фаслҳои сол саҳми назаррас гузоранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: