Дар шаҳри Ҳисор корхонаи истеҳсоли тракторҳо ба истифода дода мешавад

Рӯзҳои наздик дар шаҳри Ҳисор  корхонаи истеҳсоли тракторҳо ба кор шурӯъ хоҳад кард. Корхонаи мазкур  ҶСП  «Агротехсервис»  ном дошта, фаъолияти худро  дар самти истеҳсоли механизмҳои кишоварзӣ, машинаҳои  ғаллағундор ва тракторҳо ба роҳ хоҳад монд.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ба истифода додани корхона 43 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Қисмҳои гуногуни трактор аз Ҷумҳурии Беларус оварда шуда, дар корхонаи мазкур васлу насб мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус  сол то сол  рушду густариш меёбанд. Корхонаи истеҳсоли трактор дар шаҳри Ҳисор натиҷаи ҳамкории пурсамари ду давлати ба ҳам дӯст мебошад.

Бояд гуфт, ки рушди соҳаи кишоварзиро бидуни техникаи  муқтадири ҳозиразамон  тасаввур  кардан имконнопазир аст.  Бинобар ин корхонаи мазкур дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб хоҳад гузошт.

АМИТ "Ховар"

Tags: