Фестивал-озмуни «Андалеб-2016»: ҳунармандони ноҳияи Вахш 97,6 хол ба даст оварданд

Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар  даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»  ҳаваскорони  ноҳияи Вахш намунаи ҳунарҳои мардумиро намоиш дода, бо  барномаи консертӣ  хотири ҳаводорони мусиқиро  шод гардониданд.
Ҳаваскорони  ноҳияи Вахш дар иҷрои рақси якка аз ҷониби ҳакамон сазовори 10 хол  гардиданд. Лапархонии духтараки ҷавони вахшӣ, ки овози форам дошт, ба баҳои умумии ноҳия 9,7 хол зам намуд. Дар маҷмӯъ ҳунармандони  ноҳияи Вахш    97,6 хол ба даст оварданд.
Хотиррасон менамоем, ки намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои консертии 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»   роҳ ёфтаанд, аз  16  то 21 августи соли равон  идома ёфта,  23 август   бо намоиши гулчини барномаҳои ҳунарии ҳамаи шаҳру навоҳӣ ҷамъбаст мегардад.
Дар айни ҳол ҳунармандони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе   бо 100,6 хол пешсафанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: