28 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин собиқ Роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидеки Танабе ва Роҳбари навтаъйини он Такасака Мунеоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония тавассути Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA), аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои кунунии муштарак роҷеъ ба кумакҳои техникӣ ба иқтисод, маориф, тандурустӣ ва соҳаи иҷтимоии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пиромуни ҳамкории ду давлат дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири Covid-19 низ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки Ҳукумати Япония тавассути Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кумаки Япония (JDS) барои мутахассисони давлати мо саҳми арзанда гузошта истодааст.
Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, то ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавсеа ёфта, ҷиҳати ифтитоҳи корхонаҳои муштарак бобати коркарди гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи мазкур дар мамлакат иқдомҳо сурат гиранд.
Дар анҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Роҳбари собиқи Агентӣ Ҳидеки Танабе барои ҳамкории босамар ва дастгирии доимияш ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои грантии Япония изҳори сипосгузорӣ намуда, ба Роҳбари навтаъйини он дар фаъолияти баъдиаш дар Тоҷикистон муваффақиятҳо орзу кард.
АМИТ «Ховар»