Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тахминан соати 4-и субҳи санаи 6-уми августи соли 2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи «Кӯктош»-и Қӯшунҳои Сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи «ТОЗ-8» истифода намудааст, захм бардоштааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар айни замон дар ҳодисаи ҳамсон дуртар аз 1 км аз хати сарҳад шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳҳобов Воҳид Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1955, сокини м.Сомониёни ҷ/д Чоркӯҳ, боғбони бригадаи №4-уми ҳамин ҷамоат аз тарафи пояш аз ҷониби қирғизҳо захмӣ шуда, ҳалок гардидааст.

Мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада дар байни аҳолӣ корҳои тафтишотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: