Тоҷикистон ва Япония фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов 1 август ба музофоти Гифуи Япония сафари корӣ анҷом дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи сафари мазкур мулоқоти Сафир бо ноиби Губернатори музофот  Таканори Каваӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо рағбати худро ба фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун баён карданд.

Инчунин 1 август Мирзошариф Ҷалолов бо муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Гифу Йеиҷи Ямада мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои тиҷорат ва саноат табодули назар намуда, масъалаҳои вобаста ба имконияти барқарории ҳамкории мустақим миёни соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Японияро баррасӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: