16 ноябр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия Анн Линде тариқи видеоконфернсия баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавзӯъҳои меҳварии ин суҳбатро ташкил дода, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маориф ва муҳити зист ва дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ баён намуданд»,- гуфта мешавад дар хабари Вазорат.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба тадбирҳои пешгирии пайомадҳои COVID-19 мубодилаи афкор карда, омодагии худро барои муборизаи муштарак бо ҳамагирӣ иброз намуданд.
АМИТ «Ховар»