Аз 18 то 21 апрели соли равон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахт 500 чорабинии фарҳангиву фароғатӣ, иттилоотиву таблиғотӣ, мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ ва солимгардонӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, таҷлили Рӯзи пойтахт бори нахуст дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор шуда, мақсади асосии он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонону варзишгарон ва шаҳрвандони мамлакат мебошад. Аксарияти ин чорабиниҳо 21 апрел баргузор мегарданд.
АМИТ "Ховар"