23 декабр дар қаламрави Чин метеорити калон афтид. Шоҳидони ин ҳодиса тавонистанд парвози ҷирми дурахшони кайҳониро бубинанд. Ҷирми кайҳонӣ дар тӯли ним дақиқа бо нурпошиаш чашмони бинандагонро хира кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Правда. Ру».
Олими рус Сергей Замоздра, ки моҳи феврали соли 2013 суқути метеорити Челябинскро омӯхта буд, зимни мусоҳиба бо «РИА Новости» ин ҳодисаро дар Чин шарҳ додааст.
«Сухан дар бораи ҷирми бузург ва олиҷаноб меравад. Дурахши он тақрибан 29 сония давом кард — ин чунин маъно дорад, ки метеорит ба фазои замин бо зовияи камтар аз 10 дараҷа ворид шудааст», — гуфт Сергей Замоздра, доктори илмҳои физика ва математика ва дотсенти кафедраи физикаи назариявии ДД Челябинск.
Тибқи маълумоти коршиносон, ҳаҷми шиҳобпораи дар Чин афтида метавонад тақрибан 10 тоннаро ташкил диҳад.
Пештар «Правда».Ру” навишта буд, ки дар Красноярск сокинон суқути метеоритро ба навор гирифтаанд.
АМИТ «Ховар»