Тоҷикистон ва Россия ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкориро баррасӣ намуданд

Нимаи дуюми рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо иштироки ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия Алексей Оверчук дар мавзӯи «Ҳамкории Чумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкорӣ» мизи мудаввар доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ширкат варзиданд.

Дар доираи мизи мудаввар рӯнамоиҳо дар бораи таҷрибаи кишварҳо дар татбиқи низоми электронӣ дар соҳаи хизматрасонии давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, андозбандӣ, гумрук, рушди тиҷорат ва сайёҳӣ муаррифӣ шуданд.

Пас аз анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамаҷониба ва истифодаи самарабахши ҳамкории дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намуданд.

АМИТ «Ховар»
Tags: