Тоҷикистон ва Португалия татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 – ро баррасӣ намуданд

ТВТ. 02.07.2022. 30 июн дар Лиссабон дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Португалия Андре Франсиш дидор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот муносибатҳои Тоҷикистон ва Португалия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ муҳокима шуда, доир ба ҳамкории Тоҷикистон ва Португалия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар заминаи Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»  6-9 июни соли 2022  дар Душанбе баргузор гардид.

Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: