20 ноябр муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдарро ба ҳузур пазируфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон ва танзими сафарҳои расмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар»