9 ноябр дар Давҳа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода дар дидор бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурейхӣ паёми хаттии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ перомуни густаришу тақвияти робитаҳои дуҷониба тақдим намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар ҷараёни татбиқи тавофуқҳои ҳосилшуда миёни роҳбарони олии ду кишвар ва дар ин замина нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатарро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули назар анҷом доданд
АМИТ «Ховар»