Имрӯз, 5 октябр, зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки онро Сарвари давлат чун ҳамеша дар фазои корӣ сипарӣ мекунанд. Хеле рамзист, ки зодрӯзи Пешвои миллат ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам афтодааст: эҳёи дубораи забон, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва мероси ғании ниёгони мо маҳз ба номи ин шахсияти бузург дар таърихи миллати мо пайванди ногусастанӣ дорад.
Имрӯз роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, арбобони маъруфи сиёсӣ ва илму фарҳанги олам Сарвари давлати мор бо ин рӯзи саид муборакбод гуфтанд. Садҳо нафар сокинони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ тариқи телефон, мактубу барқияҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиром ва муҳаббати худро ба Сарвари давлати мо изҳор медоранд.
Тавре имрӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон Президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, сарварони давлатҳои Федератсияи Россия Владимир Путин, Ҷумҳурии Халқии Хитой — Си Ҷинпин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев, Ҷумҳурии Қазоқистон – Қосим-Жомарт Токаев, Ҷумҳурии Қирғизистон – Сооронбой Жээнбеков, Ҷумҳурии Беларус – Александр Лукашенко, Ҷумҳурии Озарбойҷон — Илҳом Алиев, Раиси Ҳукумати Россия – Михаил Мишустин, Раиси Шӯрои Маҷлиси Федералии ФР – Валентина Матвиенко, Раиси Думаи давлатии ин мамлакат – Вячеслав Володин, Дабири кулли СААД – Станислав Зас, Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон – Қозидавлат Қоимдодов ва дигарон табрик гуфтанд.
Минҷумла, Владимир Путин Пешвои миллати моро дар номаи табрикии худ ба муносибати солрӯзи зодрӯзашон «арбоби ботаҷрибаву дурандеши давлатӣ ва пешвои воқеии кишвари худ» номид.
«Шумо чун арбоби ботаҷрибаву дурандеши давлатӣ ва пешвои воқеии кишвари худ миёни ҳамватанонатон иззату эҳтироми баланд дошта, соҳиби обрӯву эътибори назарраси байналмилалӣ мебошед. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди ичтимоиву иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта, дар умури минтақавӣ нақши муҳимро иҷро менамояд» — омадааст дар номаи табрикӣ.
Ӯ инчунин илова намудааст, ки саҳми шахсии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии байни кишварҳои мо, суръат бахшидан ба робитаҳои барои ҷонибҳо судманд дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ ва дигар иттиҳодияҳои бисёрҷониба бениҳоят арзишманд аст.
Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Сарвари давлати мо чунин менигорад:
«Шумо пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад…».
Шавкат Мирзиёев навиштааст:
«Мо дар Ӯзбекистон шахсияти Шуморо ҳамчун арбоби маъруфи давлатӣ, пешвои соҳибистеъдод, ватанпарвари ҳақиқӣ, ки ҳаёти худро барои хидмат ба некӯаҳволӣ ва рушди мардуми Тоҷикистон бахшидааст, мешиносем ва бениҳоят эҳтиром мегузорем. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаи Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ собитқадамона пеш рафта истодааст, мақому манзалат ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ афзун мегардад. Мехоҳам саҳми бениҳоят арзишманд ва таваҷҷуҳи доимии Шуморо ба фаъол гардонидани робитаҳои гуногунҷанба ва дарозмуддати байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумонамон ба таври хосса таъкид намоям…».
Нурсултон Назарбоев: «Муътақидам, ки таҷрибаи ҳаётӣ ва хислатҳои накӯи Шумо дар таҳкими соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷумҳурӣ, инчунин баланд бардоштани мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ саҳми хосса доранд»…
Воридшавии номаву барқияҳои табрикӣ ба унвони Сарвари давлати Тоҷикистон идома дорад.
***
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо нафар сокинони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари олам эҳтиром ва муҳаббати худро ба Ҷаноби Олӣ тавассути мақолаву мулоҳизаҳо, номаҳои дастаҷамъона, муроҷиату изҳорот, сатрҳои кутоҳ ва шеъру порчаҳои шеърӣ баён медоранд.
Сокини ноҳияи Ёвон Файзиддин Муҳаммадӣ чунин нигоштааст:
Обрӯи миллат афзун мешавад аз иттиҳод,
Халқ бар афроди соҳибном дорад эътиқод.
Мо зи ваҳдат ёфтем ин обрӯву эътибор,
В-аз нуфузи Пешво ин боварию эътимод.
Як нафар намояндаи ҲХДТ таманниёти худро ба таври зайл изҳор доштааст:
«Зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли ҳамватанон, ҳамкасбон ва ҳамсафон муборак бошад!
Ба Сарвари давлат тансиҳатӣ, саодати рӯзгор, дастовардҳои бузургу беназир дар маснади олии роҳбарӣ ва пирӯзии комилро дар интихоботи дарпешистода таманно дорем!».
Воқеан, зодрӯзи Сарвари давлат дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ ва мардумӣ — итихоботи Президент рост омадааст. Шоир Нозирҷон Ёдгорӣ ба ин муносибат шеъри нав офаридааст:
Зиндагии дар гираҳ афтодаро
Берун аз ҷаҳли мураккаб ӯ намуд.
Аз шикасту пораву вайронаҳо
Тоҷикистонро мураттаб ӯ намуд.
Кишвари дар хоку хун афтодаро
Рӯи по хезондаву барнома дод.
Миллати моро ба ҳам овард ӯ
Ваҳдати моро шаҳодатнома дод.
Дар паноҳи меҳри Яздони бузург,
Кард барпо Тоҷикистони бузург.
Дар масири ин тамаддуни навин,
Ёдгор аз он Хуросони бузург.
Зиндагонияш барои миллат аст,
Ормони миллаташ дар тинат аст.
Ҳамнафас бо мардум аст ӯ ҳар нафас,
Ҳамнишину ҳамдилу ҳамқисмат аст.
Дидаем андар гузашти солҳо,
Ҷоннисориҳову азми Пешво.
З-ин сабаб аз дидаву аз қалбҳо,
Мо дигар асло насоземаш ҷудо.
Бо ҳамин меҳре баланду беҳудуд,
Аз вуҷуди Пешво андар вуҷуд.
Мо барои ин Ватан, бар Пешво
Медиҳем, эй халқи ман, овози худ!
Муовини Сардори Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Гадоев навиштааст:
«Имрӯз шоҳсутуни давлату миллат, пуштибони халқи тоҷик дар арсаи олам, эҳёкунанда ва ҷамъоварандаи Тоҷикистон, инсони барои мардуми тоҷик шариф ва азиз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодрӯз доранд. Имрӯзҳои хурду бузург, ятимону барҷомондагон ва кулли табақаи ниёзманд, сарпарастии ҳамаи онҳоро Ҷаноби Олӣ бар дӯш доранд, дуогӯи тану ҷонашон ҳастанд. Мо низ, ҳамчун фарди соҳибватан бо изҳори самимият, эҳтирому эътиқод ва ихлоси бепоён ба ин марди фидоии давлату миллат дуои хайр мекунем, ки тану ҷонашон сиҳат, хотирашон осуда ва пайвандонашон дар амон бошанд!».
Академик Кароматулло Олимов: «Зодрӯзи Президент – ин санаи оддӣ нест. Вақте дар бораи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат мекунем, беихтиёр симои барҷастаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешавад. Чунки таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, оромии мамлакат, пешравиҳои назаррасе, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ насиби мардуми мо гардид, бо номи шахсияти бузурги таърихии халқи мо Эмомалӣ Раҳмон сахт вобастаанд…».
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб чунин изҳори назар кардааст:
«Муҳаббат бастани пуркинаҳоро дида мегӯем:
Ҷаҳон дарси сиёсат бояд омӯзад зи шоҳи мо.
Зодрӯз муборак Пешвои муаззами миллат!».
Даҳҳо нафар намояндагони фаъоли занону бонувон ва ҷавонони мамлакат бо ба бар кардани футболкаҳо бо навиштаҷоти зерин паём фиристодаанд:
«Мо – пайравони Пешвои миллат!»; «Пешвои миллат – интихоби мо!».
Ва шоири хушбаён Давлат Сафар:
Худ фидо дар роҳи паймон кардаӣ.
Сад биëбонро гулистон кардаӣ.
Сарзамини пора -пора гаштаро
Ҷамъ карда Тоҷикистон кардаӣ!
Як нафар ҷавон, ки худро муаррифӣ накардааст, нигоштааст:
«Милодатон муборак бод, Бобоҷони азизу ғамхори ятимону ҷавонони саодатманди диёр!..».
Соҳибкор, директори корхонаи «Элегант» Абдуаҳад Муъминов:
«Зодрӯзи Пешвои миллат ба тоҷикони ҷаҳон муборак! Дастгирии ҳамаҷониба ва таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои рушди корхонаи «Элегант» низ бебаҳо мебошад. Дар ҳамин рӯз соли 2015 дар оилаи мо писараке ҳадя шуд, ки номашро Эмомалӣ гузоштем…».
Доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ даҳҳо сатрҳоро аз Барномаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон рӯи сафҳаи шабакаҳои иҷтимоӣ рехтааст:
«Тадриҷан зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва химатрасонии иҷтимоӣ»;
«Ворид намудани технологияҳои нави ташхису табобат дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»;
«Пешгирии паҳншавии афкори радимкаливу ифротгароӣ ва роҳ надодан ба таъсири равияҳои хатарноки мафкуравӣ»;
«Ба тарғибу ташвиқи ҳадафҳои миллӣ, дастовардҳо ва рушди минбаъда ҷалб намудани воситаҳои ахбори омма»;
«Арҷ гузоштан ба мероси моддиву маънавии халқи тоҷик ва дастовардҳои фарҳангии ҷаҳони муосир»;
«Муҳайё намудани шароити арзанда барои эҷоди истеъдодҳои ҷавон»;
«Таҳким бахшидан ба сатҳи маънавиёти ҷомеа ва таъмин намудани рушди забони давлатӣ»;
«Амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимон, кӯдакони маъюб ва бесаробон»;
«Дастгирӣ кардан ва рушд додани соҳибкории хурду миёна дар шаҳру деҳот»…
Ва ғайраву ҳоказо.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким низ дар ин рӯз шеъри нави худро ба Пешвои миллат бахшидааст:
…Ман нагуфтам ҳеҷ гоҳе мадҳи паст,
Ҳар чӣ гуфтам, фахри шоир будааст.
Аз хушомад дар дилам ҳарфе набуд,
Бо хушомад марди ҳақ натвон сутуд.
Фахри ман буд азми побарҷои ту
В — он ҷасоратҳои беҳамтои ту.
Гуфтӣ: «Ин таъриху ин фарҳанги туст,
Ҳеҷ медонӣ, ки сад ман санги туст.
Фахри дирӯзи Аҷам ту будаӣ,
Равшании ҷоми Ҷам ту будаӣ.
Ор бошад зистан дар бандагӣ,
Боядат тасхир кардан зиндагӣ.
Боядат дар даҳр қад афрохтан,
Хешро тоҷики тоҷик сохтан.
Рустаме бояд шудан, бархез мард,
Ҷойи мардон аст майдони набард.
Арсаи мо арсаи оре бувад,
Арсаи нангу ватандорӣ бувад.
Ҳар кӣ дар ин арса хезад, мард ӯст,
Ҷонфидоёни ватанро фард ӯст.
Хезу худро шӯълаи гардун бидеҳ,
Ҳасту буди хешро мазмун бидеҳ.
Ин замон рахшиданат бояд чу барқ,
Гар туӣ дарвозаи озоди Шарқ.
Қавм будӣ, миллате бояд шудан,
Решасӯзи зиллате бояд шудан.
Хоҷаи вақти худу оянда бош,
Рӯйи пойи хештан поянда бош»!
Баъд аз ин донистамат ҷону ҷигар,
Чун туӣ, дидам, ватанро чорагар.
Чорасози ҷумлаи дарди ватан,
Аз ватандорон абармарди ватан.
Чун ту давлатмард камтар мерасад,
Гар бувад раҳ рост, раҳбар мерасад.
Дар ту ҳукму меҳр бо ҳам омада,
Ҳукм маҳкам, меҳр марҳам омада.
Аз қазоям сактаи дил шуд раво,
Ҳиммату меҳри ту кард онро даво.
Қарздори меҳрат акнун мондаам,
То даме хома ба сафҳа рондаам.
Меҳри ту дидам ба хешу кори хеш,
Мекушоям ин дамат асрори хеш.
Мешавам аз меҳри ту бехештар,
Дил ҷавонӣ менамояд бештар.
Хидмати халқ аст ройи дилҷавон,
Андар ин раҳ нест моро ину он.
Шоирон аз тирагӣ дуранд, дур,
Ошиқи ҷононаи нуранд, нур.
Баски Роғуни ту шуд Роғуни ман,
Мешавад гардон ба набзи хуни ман.
Шеваи шоир ба сар бозидан аст,
Ғарқи хуни дил ба худ нозидан аст.
Оқибат аз мост истиқлоли мо,
Гарчи аз хун гашт рангин боли мо.
Мо ба боли хеш акнун мепарем,
Хешро бар авҷи гардун мебарем…
Ман ба дарди дил даво мекофтам,
Умри нав аз ҳиммати ту ёфтам.
Боз ишқи ёр аз худ мебарад,
Пардаҳои роз бе худ медарад.
Баски моро нав бишуд рагҳои дил,
Бишнав акнун аз даву такҳои дил.
Мо дилу ҷонро ба ҷонон бохтем,
То ки шеъре ошиқона сохтем.
Ишқи мо бар халқ ё ёру диёр
Ҳар се ҳам ишқ аст, ишқи шӯълабор.
Шоире, к-ӯрост мӯйи сар сафед,
Нест низ аз ишқи ёре ноумед.
Чун дили мо боз гашта беқарор,
Гар гунаҳ дар ишқ шуд, маъзур дор.
Шоиронро ҷурми ишқ ояд савоб,
Моҳтобе барфурӯзад з-офтоб.
Шоир аз нав ишқ варзад, бок нест,
Марги ӯ дигар таги афлок нест…
Гуфта будам, пешвои миллатӣ,
Давлати тоҷики соҳибдавлатӣ.
Зодрӯзат зодрӯзи бахти мост,
Устувору маҳкам аз ту тахти мост.
Номи ту бо номи тоҷик зинда бод,
Рамзи иқболи Ватан поянда бод!
Азбаски, ба қавли устод Мирзо Турсунзода «тоҷикон ҳама табиатан шоир ҳастанд», соҳибкор Мустафо Давлатбеков низ орзуву муроди худро тавассути мисраҳои безаволи Ҳофизи Шерозӣ баён намудааст:
Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!
Саломати ҳама офоқ дар саломати туст,
Ба ҳеҷ ориза шахси ту дардманд мабод!
Кормандони АМИТ «Ховар» низ ба ҳамаи ин таманниёти нек ҳамроҳ мешаванд ва мегӯянд:
Зодрӯз муборак, Пешвои муаззами миллат!
АМИТ «Ховар»