Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат баргузор шуд. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд.
Дар ин ҳамоиш, ки «Нақши мутахассисони ҷавон дар инкишофи соҳаи сайёҳӣ» унвон дошт, намояндагони кумитаҳои фавқулзикр, устодон ва донишҷӯёни шуъбаи саёҳат ва меҳмондории факултети фарҳангшиносӣ иштирок дошитанд.
Дар ҷамъомад ноиби ректор оид ба корҳои илм ва робитаҳои байналмилалии донишкада Раҷабмад Амиров перомуни дастовардҳои соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуда, зикр кард, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол такони ҷиддӣ мебахшад.
Мавсуф тазаккур дод, ки барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин як силсилачораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.
Инчунин сармутахассиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Бобоева иброз дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ ва танзими давлатии соҳа беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.
Ба гуфтаи Беҳрӯз Абдуллоев, намоянда аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Номбурда афзуд, ки маҳсулоти ҳунармандӣ ва намудҳои фарҳанги суннатӣ яке аз василаҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар маҳсуб ёфта, сарзамини мо бо табиати дилошӯбу фарҳанги нотакрораш ҳазорон сайёҳу дӯстдорони табиатро ҳамасола ба худ ҷалб менамояд.
Иштирокдорони семинар-машварат аз он изҳори хушҳолӣ намуданд, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст. Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд.
АМИТ "Ховар"