Баъди анҷоми музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуда, дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ:
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна;
— Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2017 ба имзо расид.