Тоҷикистон бори аввал дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат мекунад

Дастаи Тоҷикистон иборат аз 5 нафар 4 март ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.

Тавре аз Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон хабар доданд, ҷумҳурии моро дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ варзишгар Сиёвуш Илёсов намояндагӣ мекунад. Ӯ дар намуди лижаронӣ (кросс) қувва месанҷад.

Сиёвуш Илёсов барои ба даст овардани роҳхат дар Омон ба машғулиятҳои тамринӣ фаро гирифта шуда, аз 17 то 20 феврал дар ҳамон ҷо дар мусобиқаи интихобӣ иштирок кард. Ӯ инчунин аз 20 феврал то 4 март дар Ҷоми ҷаҳон оид ба лижаронӣ ширкат намуда, бо 392 хол соҳиби роҳхат ба Бозиҳои паралимпӣ гардид.

Сиёвушро дар ин сафар мураббияш Илҳомиддин Абдуллоев, президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Сафар Боев, роҳбари даста Абдурауф Алимов ва ноиби президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Зиннатулло Саидов ҳамроҳӣ менамоянд.

Бояд гуфт, ки Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш дар маҷмааи лижаронии «Сафеддара» барои тамрини варзишгарон, аз ҷумла, варзишгарони имконияташон маҳдуд тамоми шароитро муҳайё карда, барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа Тоҷикистон бори аввал дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ иштирок мекунад. Дастаҳои Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ва Гурҷистон низ аввалин маротиба иштирокчии бозиҳо мегарданд.

Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ аз 9 то 18 март дар шаҳри Пйонгчанги Ҷумҳурии Корея баргузор мешаванд. Барои иштирок дар бозиҳо 570 нафар варзишгарон аз 49 кишвар ба қайд гирифта шудаанд. Ба 3 дастаи калонтарин ИМА (68 варзишгар), Канада (52 варзишгар) ва Япония (38 варзишгар) дохиланд.

АМИТ "Ховар"