Дар шаҳри Москва дар ҳудуди маркази навоварии “Сколково” 17 январ ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласа таҳти раисии ҷониби Тоҷикистон, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия Имомуддин Сатторов баргузор гашт. Дар рафти ҷаласа Сафири Тоҷикистон Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар соли 2018 барои ҳозирин ба таври муфассал муаррифӣ намуд.
Дар ҷаласа як қатор санадҳо, аз ҷумла лоиҳаҳои Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллифӣ аз 24 сентябри соли 1993, Созишнома дар бораи паҳн намудани ҳуҷҷатҳо дар соҳаи стандартикунонии байнидавлатӣ, Низомнома дар бораи Маркази асосии Барномаи байнидавлатии ҳамкориҳо дар соҳаи навоварии давлатҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2020, маҷмӯи чораҳои муштараки давлатҳои аъзои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҳорӣ барои давраи то соли 2025 таҳти баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба амалигардонии Консепсияи амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи истифодаи неруи ғайринизомии ҳастаӣ, Дурнамои истеҳсол, истеъмол, воридот ва содироти навъҳои асосии маҳсулоти давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2018 ва ғайра муҳокима гардиданд.
АМИТ "Ховар"