Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода бо Директори филиали «Геселшафт фюр Организатсион Планунг унд Аусбилдинг» (ГОПА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Максименко зимни вохӯрӣ рушди ҳамкорӣ дар самти пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, таҳким бахшидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии хушунати оилавӣ ва дигар масоили мубрамро баррасӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорат Фарҳод Шодмонзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори умедворӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали «Геселшафт фюр Организатсион Планунг унд Аусбилдинг» (ГОПА) 15 марти соли 2015 Созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ ба имзо расида, дар ин самт як зумра корҳо амалӣ гардиданд.
АМИТ "Ховар"