Дирӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Мавҷигул Давлатшоева, мудири бахши экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нарзулло Каримов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми филология сухан гуфтанд.
Зариф Ализода иброз дошт, ки «ҳамасола 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон –рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Тоҷикистон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромию муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем”.
Мавҷигул Давлатшоева атрофи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон ва тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидашаванда ҳарф зад. Зикр шуд, ки забони тоҷикӣ дар минтақа ва ҷаҳон аз шуҳрат ва эътибори хос бархурдор буда, тавассути забон ҳувияти миллии мо ҳифз карда мешавад.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми филология Нарзулло Каримов ба иштирокчиёни ҳамоиш оид ба қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ маълумот дода, гуфт, ки барои истифодаи дурусти забон ва хат донистани қоидаҳои имло хеле зарур ва ҳатмист.
АМИТ "Ховар"