Нахустин бохти «Саройкамар» дар мусобиқаи Лигаи аввал
Опубликовано вс, 22/05/2016 - 19:18 пользователем adminДастаи футболи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ғолиби феълии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, дар даври панҷум дар меҳмонӣ аз тими «Парвин»-и ноҳияи Бохтар бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти футболбозони ноҳияи Панҷ дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Дастаи «Саройкамар» дар ҷадвали мусобиқа бо 12 имтиёз ба ҷойи дуюм фуромад.