Президент

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ишкошим

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Сафари имрӯзаи мо ба яке аз мавзеъҳои нодири таърихии мамлакатамон - ноҳияи Ишкошим дар рӯзи таҷлили яке аз санаҳои муҳимму таърихӣ дар ҳаёти мардуми кишварамон, яъне Рӯзи ваҳдати миллӣ ва дар арафаи ҷашни барои ҳар яки мо муқаддаси миллӣ-биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатӣ баргузор гардида истодааст.

Мулоқоти Пешвои миллат бо сокинону фаъолони ноҳияи Ишкошим

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ишкошим бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуд.
Барои вохӯрӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди мардум ҷамъ омада, Президенти мамлакатро бо самимияти беандоза пазироӣ карданд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Дар доираи боздиди корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар рӯзи сеюми сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ишкошим дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуд.

Страницы