Мулоқоти Пешвои миллат бо ҳайати Шӯрои директорони иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд
Опубликовано пт, 01/07/2016 - 12:04 пользователем tvtИмрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ҳайати Шӯрои директорони иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ба ҳузур пазируфт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти молиявӣ, ки солҳои охир зина ба зина густариш меёбад, изҳори қаноат карда, ташрифи ҳайати бонуфузи бонкро омили муҳими таҳкими робитаҳо маънидод намуд.