Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ
Опубликовано вт, 02/08/2016 - 13:33 пользователем tvtДар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз сатҳи ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд изҳори қаноатмандӣ карда, дар заминаи ҳамгироии исломӣ барои густариши робитаҳои манфиатбор омодагии ҷониби кишвари моро таъкид намуд.