Президент

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар 12-ум Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия сафар кард.

Бо супориши Сарвари давлат ба кишоварзони ноҳияи Ишкошим таҷҳизоти нави техникӣ ирсол карда шуд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳангоми мулоқот бо бошандагони ноҳияи Ишкошом, ки моҳи июни  соли ҷорӣ доир гардида буд, ба масъулини соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ супориш дод, ки деҳқонони ин ноҳияро бо техникаю механизмҳои зарурии кишоварзӣ таъмин намоянд.

Боздиди Пешвои миллат аз намоиши дастовардҳои соҳаи чорводории мамлакат дар ноҳияи Варзоб

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши дастовардҳои соҳаи чорводории мамлакат иштирок намуд.

Страницы