Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ба бунёди як меҳмонхонаи муосири баландошёна санги асос гузоштанд.
Маҷмааи меҳмонхона аз дувоздаҳ ошёна ва таҳхона иборат буда ошёнаи аввал барои бунёди Маркази маданияти кӯдакону наврасон, Маркази зебоӣ, толори фӯруши маҳсулотҳои дастӣ аз қабили чакану зардӯзӣ ва дигар марказҳои савдою тарабхона пешбинӣ шудааст.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, дар Маркази маданияти кӯдакону наврасон синфхона ва толорҳои махсус барои омӯзишу азхуднамоии рақсҳои кӯдаконаи балет, гимнастика, ҳайкалтарошӣ ва рассомӣ ташкил карда мешавад. Маркази зебоӣ аз толори мӯд ва студияи тарроҳон иборат хоҳад буд.
Мувофиқи лоиҳа аз ошёнаи 3 то ошёнаи 11 барои меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ 402 ҳуҷра барои қабули то 500 меҳмон бо намунаи санъати меъмории миллӣ ва шароиту имконоти замонавӣ сохта мешавад. Ошёнаи 12 толорҳои истироҳату фароғат, машқи бадан ва толори бузург барои маҷлису конфронсҳо хоҳад буд.
Баъди бунёд дар ин маҷмаа то 300 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.