Президент

Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи Раиси шаҳри Душанбе озод карда шуд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Пол Росс

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Пол Россро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Страницы