Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
Опубликовано вт, 10/01/2017 - 13:15 пользователем tvtИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муносибати 10 –солагии таъсисёбии ин мақоми махсуси мубориза ба муқобили коррупсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.