Президент

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар шаҳри Душанбе

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки Шифобахш Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” — и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Оғози бунёди Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Тӯрақул Зеҳнии ноҳияи Шоҳмансур ба бунёди Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё, ки дорои 420 ҷойи нишаст дар як баст мебошад, оғози расмӣ бахшиданд.

Аснои муаррифии лоиҳаи сохтмони муассиса ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки иншоот дар давоми як сол бо муосиртарин таҷҳизот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Оғози сохтмони Мактаби №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и ноҳияи Шоҳмансур оғози расмӣ бахшиданд.

Страницы