Президент

Ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар

Дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ иштирок карданд.

Сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар дар асоси вазифагузориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бунёд гардида, ҳаҷми ғунҷоиши иншооти мазкур 2000 тонна мебошад.

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии «Сомон»-и ноҳияи Бохтар

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Бохтар ташриф оварданд.

Роҳбарият, фаъолон, аҳли илму ҳунар ва намояндагони ҷавонон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти Заргари ноҳия бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Назарзода Сайфиддин аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 августи соли 2017
№АП-925

Страницы