Дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и ноҳияи Шоҳмансур оғози расмӣ бахшиданд.
Фармоишгари тарҳи муассисаи нави таълимӣ Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, лоиҳаи он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» тарҳрезӣ шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаби мазкур барои 1280 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, сохтмони он 2 марҳиларо дарбар мегирад.
Тибқи лоиҳа дар марҳилаи аввал барои 656 хонанда дар як баст бинои нав сохта шуда, бинои дигар дар марҳилаи дуюм барои 624 хонанда бунёд мешавад.
Арзиши лоиҳавии ин муассисаи нави таълимӣ 46 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат ба масъулини дахлдор ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва то 1 сентябри соли 2018 бунёд намудани ин иншооти таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Лозим ба таъкид аст, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и ноҳияи Шоҳмансур ҳанӯз соли 1937 сохта шуда, барои 390 хонанда пешбинӣ шуда буд, вале имрӯз дар ин муассиса 1133 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Талаботи аҳолиро дар даҳсолаи охир ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди боз як мактаби наву замонавӣ дар шаҳри Душанбе иқдом кард.
Инак бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе орзуи сокинони пойтахт амалӣ карда мешавад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат садҳо муассисаҳои нави таълимӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шуда, имрӯз насли ояндасози кишвар дар синфхонаҳои муосир илмҳои замонавиро аз худ менамоянд.