Чеҳраҳои телевизион

Назарзода Маъруф Раҷаббек

Сармуҳаррири Идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилӣ
Маъруф Назарзода, 5-уми январи соли 1987 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст.
Соли 2010 факултаи журналистикаи телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатияшро соли 2008 дар матбуот оғоз намудааст.
Соли 2012 «Мактаби журналисти ҷавон»-ро хатм кардааст.
Соли 2013 Мактаби журналистии «Тоҷикистон асри 21»-ро хатм намудааст.

Нурматов Фахриддин Маматюсупович

Нурматов Фахриддин Маматюсупович 20.08.1983 с
маълумот: Олӣ, ихтисос: Журналисти байналхалқӣ
Оиладор соҳиби 4 фарзанд.

Фахриддин Нурматов фаъолияти эҷодии худро аз соли 2005-ум ҳамчун муҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон расман оғоз кард.

Ў дар ҷараёни фаъолияташ тавонистааст маҳорати наворбардорӣ ва танзими наворҳои намоишу барномаҳоро бо таҷҳизоти гуногун, аз ҷумла тариқи компютер азбар намояд ва худро ҳамчун ҷавони серғайрат, ҷўянда ва соҳибистеъдод нишон диҳад.

Садриддини Сироҷиддин

Садриддини Сироҷиддин 22 августи соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикитон таваллуд шудааст.
Номбурда соли 2006 факултети Сохтмон ва меъмории КТ Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намудааст ва дар айни замон дар курси 5-уми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил дорад.

Страницы