Дар Хуҷанд даври аввали озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» оғоз гардид
Опубликовано чт, 19/04/2018 - 10:09 пользователем tvt17 апрели соли равон дар Хона-музейи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд даври аввали озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» байни маҳаллаҳо, ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, оғоз гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.