Дар Хуҷанд даври аввали озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» оғоз гардид

17 апрели соли равон дар Хона-музейи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд даври аввали озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» байни маҳаллаҳо, ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, оғоз гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар озмун 14 нафар ҳунармандони маҳаллаҳои «1-май», «Ҷаббор Расулов», «Содирхон Ҳофиз» ва «Сари баландӣ» иштирок карда, намунаи ҳунари хешро ба ҳайати доварон пешкаш намудаанд.

«Аз рӯи натиҷаи даври аввали озмун, қуроқдӯз Каромат Ашӯрматова аз маҳаллаи «Ҷаббор Расулов» дар бахши «Беҳтарин ҳунар», кешбоф Башорат Ваҳҳобова аз маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» дар бахши «Беҳтарин муаррифӣ», асбоби мусиқисоз Абдуғаффор Абдусамадов аз маҳаллаи «1 май» дар бахши «Оилаи ҳунарманд», кулолгар Ғаниҷон Зокиров аз маҳаллаи «Сари баландӣ» дар бахши «Беҳтарин устод» ғолиб дониста шуда, ба даври шаҳрии озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» роҳхат гирифтанд», — омадааст дар хабари Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Дирӯз, 18 апрел низ дар Хона-музейи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ байни ҳунармандони маҳаллаҳои «Темуралик», Тиллокон» ва «Мевағул» озмун идома ёфт. Дар даври аввали озмун ҳунармандони 22 маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуда, барои ба даст овардани роҳхат ба даври шаҳрӣ кӯшиш хоҳанд кард.

Иттилоъ дода мешавад, ки озмуни шаҳрии «Ҳунарманди беҳтарин» дар Рӯзи оила натиҷагирӣ шуда, ба ғолибон туҳфаҳо ва дипломҳо тақдим мегарданд.

АМИТ "Ховар"