Тоҷикистон ва ҷаҳон

Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара зимни конфронси «Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисоди миллӣ» муаррифӣ шуданд

Таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли равон дар осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфара бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конфронси сайёҳӣ таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисоди миллӣ» доир гардид.

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Покистон дар Пекин

Вазири корҳои хориҷииҶумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҳошияи иштирок дарҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин, 23 апрел дар толори «Душанбе»-и Котиботи СҲШ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷa Муҳаммад Осиф мулоқот намуд.

Парлумони Тоҷикистон Созишнома оид ба таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» -ро баррасӣ намуд

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ  ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» — имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки дар ҳузури Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, баррасӣ гардид.

Страницы