Вазири корҳои хориҷииҶумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҳошияи иштирок дарҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин, 23 апрел дар толори «Душанбе»-и Котиботи СҲШ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷa Муҳаммад Осиф мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи ҳамкории Тоҷикистону Покистонро дар равобити дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар ҳошияи СҲШ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Покистон бори дигар ҳавасмандии ҷонибҳоро ба татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида оиди пайвастшавии хатти интиқоли барқ, роҳҳои автомобилгард ва оҳани байни кишварҳои мо, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи КАСА-1000, ки интиқоли барқи истеҳсолшудаи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Покистону Афғонистон таъмин хоҳад кард, баён доштанд.
Сироҷиддин Аслов ва Хoҷa Муҳаммад Осиф ҳамчунин дар атрофи вазияти минтақа ва ҷаҳон изҳори назар намуданд.
АМИТ "Ховар"