Тоҷикистон ва ҷаҳон

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай молҳои содиротии ҷумҳуриро муаррифӣ менамояд

Аз 15 то 18 июни соли равон  дар шаҳри Чиндаои музофоти Шандони Ҷумҳурии Мардумии Чин Намоишгоҳи молҳои содиротии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.

Тавре манбаъ хабар дод, дар намоишгоҳи молҳои содиротии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тӯли 3 рӯз идома меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок мекунад.

Дар Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» баррасӣ гардид

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. 

Тибқи иттилои манбаъ, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Страницы