Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон
Опубликовано пт, 01/06/2018 - 17:02 пользователем tvtИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар ин ноҳияи аграрии ҷумҳурӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус дар машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво иштирок намуданд.