Тоҷикистон ва ҷаҳон

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муносибати 10 –солагии таъсисёбии ин мақоми махсуси мубориза ба муқобили коррупсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари бар асари сактаи қалбӣ даргузаштани Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсатмадорони Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андӯҳи мо гардид.

Страницы