Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов
Опубликовано пт, 27/01/2017 - 22:31 пользователем tvtНимаи дуюми рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шуваловро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.