Тоҷикистон ва ҷаҳон

Суханронии Пешвои миллат дар 13-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ

Муҳтарам Раис,
Олиҷанобон роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Дӯстони гиромӣ!

Нахуст, мехостам миннатдории самимии худро ба Ҳукумат ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф ва ба мардуми кишвари ба мо дӯсту бародари Покистон барои меҳмоннавозӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ баён намоям.

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар карданд.

Владимир Путин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонид

Тавре ки иттилоъ додем, имрӯз дар Қасри миллат мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардид.

Страницы